Дӯстони гиромӣ ва ҳамкорони арҷманд!
Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардани боз як донишгоҳи тиббӣ талаби давру замон буд. Ин нукта 20 январи соли 2016 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‒ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид таъкид шуда буд. Президенти кишвар дар Паёми хеш иброз доштанд, ки «Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад… Бо назардошти чунин вазъ ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд».
Ҳамин тавр, баъди ошно гаштан ба фикру ақидаи коршиносони соҳа ва ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ дар кишвар боз як мактаби олии тиббӣ дар ба рӯи донишҷӯён боз кард. Инак се сол мешавад, ки он фаъолият ва як гӯшаи бори гарони таълиму тарбияи табибони ҷавонро бар дӯш дорад. Дар ДДТХ 1097 нафар донишҷӯ бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Ба онҳо 78 нафар устодон нозукии касб меомӯзанд. Банда ҳамчун сарвари донишгоҳ метавонам бо боварии том бигӯям, ки ДДТХ имрӯз дар радифи дигар мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мақому манзалати хешро соҳиб гардидааст. Акнун замоне фаро расида, ки он рӯзномаю маҷаллаи худро дошта бошад. Соли дуввум аст, ки рӯзномаи донишгоҳии «Пайки Шифо» чоп мешавад. Ҳоло дар назди худ мақсад гузоштем, ки бо унвони «Симурғ» маҷаллаи илмии тиббие таъсис диҳем. Гумон мекунам, ки вожаи «Симурғ» ба кулли табибон ва олимони соҳаи тиб ошност. Бале, ин ҳамон паррандаест, ки Зол ‒ падари Рустамро ҳамроҳи чӯҷаҳои худ парвариш кард ва ба падараш ‒ Сом супурд. Аз худ ба Зол чанд паре гузошт, ки дар вақти зарурат онҳоро ба оташ андозад ва ӯро ба ёрӣ бихонад. Зол бори аввал Симурғро ҳангоми обистан будани завҷааш Рудоба даъват намуд. Моҳҳои обистании Рудоба ба дарду ранҷ мегузаштанд; шикамаш ниҳоят калон, танаш фарбеҳ ва гарон, баҳори дилафрӯзи ҳуснаш пажмурдаву заъфарон гашта буд. Аз гаронии бори бача базӯр роҳ мерафт ва агар нишаста бошад, хеста наметавонист.
Басе барнаёмад бар ин рӯзгор,
Ки озодасарв андаромад ба бор.
Баҳори дилафрӯз пажмурда шуд,
Дилаш бо ғаму ранҷ биспурда шуд.
Зи бас бор к-ӯ дошт дар андарун,
Ҳаме ронд Рудоба аз дида хун.
Шикам сахт шуд фарбеҳу тан гарон,
Шуд он арғавонӣ рухаш заъфарон…
Ту гуфтӣ ба санг асташ оганда пӯст,
Ва ё з-оҳан аст, он ки буда дар ӯст…
Чу вақту соати зодан расид, Рудобаро дарди сахт гирифт ва ӯ аз ҳуш рафт. Синдухт ва Зол тарсиданд. Дар байни ин тарсу хавф ва андешаи илоҷ пари Симурғ ба ёди Зол омад. Ӯ зуд дар миҷмар оташ андохт ва порае аз пари Симурғро сӯзонд. Ҳамон дам ҳаво тира гашт ва Симурғ аз осмон фуруд омад. Зол вайро фаровон ситоишҳо кард ва саҷда бурд. Симурғ гуфт: ‒ Ғам хӯрдану гиристан набояд. Як ҷарроҳи пуртаҷрибаи чобукдаст биёр, бонуро шароб нӯшонида маст бикун то ки биму андеша аз дилаш бадар шавад.
Биёвар яке ханҷари обгун,
Яке марди бинодили пурфусун.
Нахустин ба май моҳро маст кун,
Зи дил биму андешаро паст кун.
Ту бингар, ки бинодил афсун кунад,
Зи сандуқ то шер берун кунад.
Бикофад тиҳигоҳи сарви сиҳӣ,
Набошад мар ӯро зи дард огаҳӣ.
В-аз ӯ баччаи шер берун кашад,
Ҳама паҳлуи моҳ дар хун кашад.
В-аз он пас бидӯзад куҷо кард чок,
Зи дил дур кун тарсу андӯҳу бок.
Гиёҳе ки гӯям, ту бо ширу мушк,
Бикӯбу бикун ҳар се дар соя хушк.
Бисою биёло бар он хастагиш,
Бибинӣ ҳам андар замон растагиш.
Бар он мол аз он пас яке парри ман.
Ҳуҷаста бувад сояи фарри ман…
Зол зуд ҷарроҳро ҳозир кард, ӯ бо ханҷари тез паҳлуи Рудобаи мастро чок карда, бачаашро берун овард.
Биёмад яке мубади чарбдаст,
Мар он моҳрухро ба май кард маст.
Бикофид беранҷ паҳлӯи моҳ,
Битобид мар баччаро сар зи роҳ.
Чунон бегазандаш бурун оварид,
Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид…
Сипас ҷарроҳ чоки паҳлуи Рудобаро дӯхт. Симурғ гиёҳе оварда, фармуд, ки онро бо ширу мушк омехта ва дар соя хушконида ба захми модар пошанду пари ӯро ба он захм моланд. Ҳамин тавр карданд. Рудоба аз таъсири шароб як шабонарӯз хоб рафт, вақте ки бедор шуд, захми паҳлуяш сиҳат ёфта буд.
Имрӯз дар тиб чунин тарзи ба дунё овардани тифл бо номи «чоки қайсарӣ» маъмул аст. Аз ин бармеояд, ки аҷдоди мо оид ба чунин усули ҷарроҳӣ аз замонҳои хеле қадим огаҳӣ доштаанд.
Бори дуввум Симурғ бо даъвати Зол ба ёрии Рустам, ки дар ҷанги Исфандиёр хаставу захмин шуда буд, омад ва бо гиёҳе захмҳои Рустам ва аспи ӯ ‒ Рахшро табобат кард.
Чунончи аз Авесто бармеояд, Симурғ мурғи бузургҷуссаи фаррохболест, ки дар аснои парвоз сояаш паҳнои кӯҳро фаро мегирад, абрҳо аз ҳаракати болҳои ӯ парешон мешаванд. Лонаи Симурғ бар дарахт («ҳарвисп-тухма» ‒ «гуногунтухм» ва «ҷадбеш» ‒ дармонбахш)-е дар руди Воурукаша («васеъканор» ‒ дарёи асотирие, ки гӯё дар кишвари Эрони Қадим ҷойгир буд) қарор дошт. Бино ба маълумоти яке аз ёдгориҳои адабиёти паҳлавӣ «Минуи хирад» ҳар гоҳ Симурғ аз он дарахт бармехост, ҳазор шохаш мерӯид ва чун бар он менишаст, ҳазор шохаи он шикаста, тухмҳояш пароканда мешуданд ва аз онҳо гиёҳҳои доруӣ месабзиданд. Барги ин дарахтро шифобахш ва рафъкунандаи ҳар гуна газанд мепиндоштанд ва андак-андак аз ин вижагиҳо ба парру устухони Симурғ интиқол гардидааст.
Дар бораи Симурғ қиссаву ривоятҳои дигар ҳам мавҷуд мебошанд. Бо чунин унвон маҷаллаҳои муҳтавояшон гуногун ба табъ мерасанд. Ва «Симурғ» номгузорӣ шудани маҷаллаи илмии тиббии донишгоҳи мо низ бесабаб нест. Он дар як сол чаҳор шумора ба табъ мерасад. Маҷаллаи «Симурғ» ҷиҳати ба нашр расондани натиҷаи пажӯҳишҳои кормандони ДДТХ ва дигар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Маводи маҷаллаи «Симурғ» аз рӯи имконият ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп мешавад. Дар ҳар як мақола хулосаи мухтасари муҳтавои он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода хоҳад шуд.
Хонандагони арҷманд! Мо барои дастгирӣ ва кумаки беғаразона аз шумо сипосгузор мебошем. Умед дорем, ки шумо дар кори пурмазмуну аз нигоҳи илмӣ пурбаҳо шудани муҳтавои маҷалла худро дар канор намегиред. Пешниҳоду дархостҳои шумо имкон медиҳанд, ки обрӯю эътибори маҷалла боло равад, он ба яке аз нашрияҳои аз нигоҳи илмӣ беҳтарини ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар табдил ёбад.
Бо арзи эҳтиром,
профессор Убайдулло ҚУРБОН