Меню Закрыть

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ

ҚОИДАҲОИ ОМОДА КАРДАНИ МАҚОЛАҲО

1. Мақола бояд бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ дар шакли чопи компютерӣ бо истифода аз барномаи VS Word 2007 (гарнитураи Times New Roman, шрифти андозаи 14, масофаи 1,5) дар як рӯи варақи андозаи А4 пешниҳод гардад. Ба редаксия фиристодани варианти электронии мақола низ ҳатмист. Мақола бояд саҳифа гузошта шуда бошад.

2. Ҳаҷми мақолаҳои оригиналӣ бояд 15–20, мақолаҳои тафсилӣ (обзорӣ) то 30 саҳифа бошад.

3. Дастнависи мақола бояд чунин маълумотҳоро дар бар гирад; шарҳи мухтасар (резюме); ному насаби муаллиф (муаллифон); номи мақола; муқаддима (муҳиммият); мақсади тадқиқот; қисми асосӣ; хулоса ва рӯихати адабиёт. Қисми асосии мақолаи оригиналӣ бояд аз бахшҳои «Мавод ва усулҳои таҳқиқ», «Натиҷаҳо» ва «Муҳокима» иборат бошад.

4. Дар рӯварақ маълумоти зерин ҷой дода мешавад: номи пурраи мақола; ному насаби муаллифон; номи расмӣ ва нишонии муассисае (муассисаҳое), ки дар он ҷо тадқиқот анҷом пазируфтааст; вожаҳои бунёдӣ (7–8-то).

5. Номи мақола бояд мӯҷаз ва пурмазмун буда, муҳтавои мақоларо аниқ ифода кунад.

6. Дар бахши маълумот оид ба муаллифон фамилия ва ному насаб, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа ва ҷои кори онҳоро қайд кардан зарур аст. Дар нишонӣ барои мукотиба суроға, ҷои кор, телефон ва адреси электронии муаллиферо, ки бо ӯ робита карда мешавад, нишон медиҳанд.

7. Дар шарҳи мухтасар (резюме)-и мақолаи оригиналии илмӣ ҳатман бахшҳои «Мақсад», «Мавод ва усулҳои таҳқиқот», «Хулоса»-ро қайд кардан лозим аст. Шарҳи мухтасар (резюме) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (300–600 калима) навишта шуда, барои ҷудо аз мақола нашр кардан мувофиқ бошад.

8. Дар «Муқаддима» оид ба масъалаи мавриди таҳқиқ тавсифи мухтасари адабиёт дода шуда, масъалаҳои баҳсталаб ҳаллу фасл меёбанд.

9. Дар бахши «Мавод ва усулҳои таҳқиқот» бояд роҷеъ ба мавзӯъ ва усулҳои таҳқиқот, инчунин оид ба таҷҳизоте, ки мавриди истифода қарор гирифтааст, маълумоти муфассал дода шавад. Дар мақолаҳо истифода бурдани маълумоти махфие, ки шахсияти беморро ошкор месозад (навиштани ному насаб ва ё рақами таърихи бемории ӯ ва ғ.) манъ аст. Дар аксҳои рентгенӣ, ангиограмма ва амсоли онҳо ба ному насаби бемор ранг мемоланд то ин ки онҳо хонда нашаванд; расмҳо низ бояд чунон бошанд, ки ба шинохтани шахсияти бемор имкон  надиҳанд.

10. Бахши «Натиҷаҳо» бояд мазмуни асосии таҳқиқот ва натиҷаҳои онро возеҳу амиқ ифода намояд. Бо мақсади пурра гаштани мақола маълумотҳо беҳтар аст дар шакли ҷадвал ва тасвир нишон дода шаванд.

11. Дар бахши «Муҳокима» натиҷаҳое, ки дар раванди таҳқиқот ба даст оварда шудаанд, бояд аз нигоҳи муҳиммияти амалии онҳо ва навгониҳои илм муҳокима ва таҳлил гарданд, бо маълумотҳои муаллифони дигар қиёс карда шаванд.

12. Хулосаҳо бояд возеҳу аниқ бошанд. Дар онҳо ба суолҳое, ки марому мақсади таҳқиқотро дар бар мегиранд, посух додан лозим аст. Натиҷаҳои асосии ноилгашта бо нишон додани навгонӣ ва муҳиммияти амалӣ қайд карда шаванд.

13. Рӯихати адабиёти истифодашуда мувофиқи талаботи Vancouver style тартиб дода мешавад. Рақамгузории ҳаволаҳо мувофиқ ба навбати иқтибос овардан дар матн, вале на аз рӯи тартиби алифбо сурат мегирад. Рақами тартибии ҳаволаҳо дар қавси квадратӣ (масалан: [1,2], ё [1‒4], ё [3,5‒8]) қайд карда мешавад. Дар мақолаҳои оригиналӣ на камтар аз 10 ва на камтар аз 30, дар шарҳи адабиёт ‒ на бештар аз 40 манбаъ иқтибос оварда мешавад. Дар мақолаҳо ҳавола ба авторефератҳо, рисолаҳои илмӣ, тезисҳо ва мақолаҳои маҷмуаҳои илмӣ, корҳои таълимию методӣ ҷоиз нест. Масъулияти дуруст ва комил будани ҳамаи ҳаволаҳо, инчунин аниқу дақиқ будани иқтибос аз сарманбаъҳо бар ӯҳдаи муаллифон аст.

14. Ҷадвалҳоро дар матни мақола бевосита баъди сухан рафтан аз боби онҳо ҷой додан лозим аст. Ба онҳо сарлавҳа ва рақам гузоштан дар мавриди зарурат эзоҳ менависанд. Ҷадвалҳо бояд дар формати Microsoft Office Word 2007 ҳуруфчинӣ шаванд.

15. Тасвирҳо (расмҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо) бояд рӯшану возеҳ бошанд, дар матн аз рӯи тартиб ҷой дода шаванд. Диаграммаҳоро дар матн дар шакли расм, инчунин дар намуди электронӣ бо файлҳои ҷудогона дар формати Microsoft Office Word  пешниҳод кардан лозим аст. Гунаи электронии суратҳо бояд файлҳои ҷудогонаи формати TIFF ё JPEG бо андозаи 80х80 мм (наздики 1000х1000 пиксел)-ро дар бар гиранд.

16. Редаксия ҳуқуқ дорад маводди барои чоп пешниҳодшударо таҳрир ва ихтисор карда, ба услуби маҷалла мувофиқ гардонад.

17. Чопи мақолаҳое, ки дар маҷалла ҷой дода мешаванд, ройгон аст.

18. Дар ҳар шумораи маҷалла як муаллиф метавонад танҳо 2 мақола ба табъ расонад.

19. Мақолаҳое, ки қаблан дар дигар нашрияҳо рӯи чопро дидаанд, қабул карда намешаванд.

20. Барои нодуруст будани маълумоти мақолаҳо маҷалла ҷавобгӯ нест.